Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Аз дӯстии абадӣ ва осонсозии ҳаракат то аломатгузории марз: 26 созиши Раҳмону Мирзиёев

Кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар изҳороти муштарак аз дӯстии абадӣ, аломатгузории марз, рушди тиҷорат ва таҳкими муносибот гуфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Понздаҳуми июни соли 2000 Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон баста шуда буд.
Ҳамчунин 17 августи соли 2018 миёни ин ду давлат Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расид. Ҳоло раисиҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон сари 26 нукта созиш намуданд.
Котиботи раисиҷуҳури Тоҷикистон номгӯи созишҳоро нашр намуд. ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекистонии ӯ Шавкат Мирзиёев сари он ба тавофуқ расиданд:
Муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи баланди эътимоди мутақобил, дӯстии самимӣ ва ёрии ҳамдигарӣ.
Муколамаи мунтазам дар сатҳи сарони давлатҳо ва ҳамкории фаъолонаи сиёсӣ.
Ташаккули фазои нави ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ.
Рушди робитаҳои байнипарлумонӣ.
Ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ.
Фароҳам овардани шароити мусоид ва рафъи монеаҳо дар савдои мутақобила.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи кооператсияи саноатӣ.
Тақвияти минбаъдаи робитаҳои байниминтақавӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.
Нақлиёт бояд, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётии ду кишвар бошад. Барқароршавии хатсайрҳои нақлиётии автобусҳо, роҳи оҳан ва ҳавоӣ байни шаҳрҳои ду кишвар.
Идомаи раванди гуфтушуниди созанда роҷеъ ба аломатгузории марзи давлатӣ.
Истифодаи маҷмӯӣ ва мутақобилан судманди захираҳои обӣ ва энергетикии Осиёи Марказӣ мебошанд.
Ҳамкорҳо дар давраи ҳамагирии коронавирус нишондиҳандаи принсипҳои олии дӯстӣ.
Роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таъмини некӯаҳволии беҳдоштию эпидемиологии аҳолӣ.
Пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ.
Сохтмони иншооти иҷтимоӣ дар қаламрави ҳар ду давлат.
Густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ.
Дастгирии баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои заноне, ки дар таъмини сулҳу ризоият дар ҷомеа нақши калидӣ доранд.
Идомаи ҳамоҳангсозӣ байни хадамотҳои махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор.
Мусоидат ба раванди сулҳи Афғонистон ва эҳёи иҷтимоию иқтисодии он кишвар, бо дарназардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2021.
Таҳкими мақоми СММ ҳамчун сохтори фарогири байналмилалӣ ва саҳнаи асосии ҳалли масъалаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ.
Идомаи ҳамкориҳои зич дар чаҳорчӯби СММ, ИДМ, СҲШ, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра.
Баҳои баланди Раҳмон ба раёсати Ӯзбекистон дар ИДМ дар соли 2020.
Дастгирии Ӯзбекистон аз раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021.
Тоҷикистон баргузории Конфронси байналмилалии "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо" дар моҳи июли соли 2021 дар Тошкандро ҷонибдорӣ карда, иштироки ҳайати воломақоми Тоҷикистонро дар он чорабинӣ тасдиқ намуд.
Баҳои баланди сарони давлатҳо ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон.
Сипосгузории Шавкат Мирзиёев аз Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарм.
Дар охир Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ӯзбекистон даъват кард.
Сипосгузории Мирзиёев аз Раҳмон барои пешвози гарм: аз дақиқаҳои аввал эҳсос мешуд - видео
Даъват бо изҳори сипос қабул гардид. Таърихи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.