ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Кормандони милиса сокини 32 - солаи шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд, ки дар қатли ҳамшаҳри худ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур нисфирӯзии 7 июн, тахминан соати 15:20 дақиқа дар бозори "Саховат" - и шаҳри Кӯлоб иттифоқ афтод.
Гуфта мешавад, гумонбаршаванда бо ҷавони 25 - сола вориди муноқиша шудааст.
Маълум гардид, ки номбурда аз ин ҷавон қарздор будааст, аммо дар хабари ВУД Тоҷикистон ҳаҷми маблағ гуфта нашудааст.
Танҳо зикр гардидааст, ки аснои талаб кардани қарз миёни сокинони шаҳри Кӯлоб ҷангу ҷанҷол шуд, ки дар натиҷа қарзгирифта ҷавонро бо як зарби корд ба ҳалокат расонд.
Манбаъ меафзояд, ҷавон аз ҷароҳати бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷон аз даст дод.
Феълан нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.