ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Думаи давлатии Русия қонун дар мавриди ташкили низоми ягонаи иттилоотӣ қабул намуд, ки дар он натиҷаи ташхиси муҳоҷирон гирд оварда мешавад.
Ба пойгоҳи мазкур ҳамчунин маълумот дар мавриди ташхиси тиббии шаҳрвандони хориҷӣ дохил карда мешавад. Масъулияти таҳия ва пур кардани пойгоҳи мазкур ба дӯши "Роспотребнадзор" вогузор шудааст.
Ҳамин тавр, тибқи муқаррароти нав, хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки мехоҳанд иҷозат барои истиқомат, иҷозатномаи кор дар Федератсияи Русия ё патенти меҳнатиро дарёфт кунанд, бояд ҳатман дар муассисаҳои қаламрави Русия аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Илова бар ин, рӯйхати муассисаҳое тасдиқ мешавад, ки барои гузаронидани муоинаи тиббӣ вазифадор гардидаанд.
Муҳоҷиронро асосан аз ташхиси истифодаи маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ, ВИЧ ва дигар маризиҳои сироятӣ муоина мекунанд.
Қобили зикр аст, ки қаблан Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунро дар бораи бақайдгирии ҳатмии иззи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон қабул карда буд.
Ба гуфти раиси Шӯрои нозирони Пажӯҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақавӣ, Юрий Крупнов, чунин тадбир аз вуруду паҳншавии ҳар гуна маризиҳо ҷилавгирӣ мекунад.