ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Рустам Назарзода роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз маконҳои офатзада дар вилояти Хатлон боздид намуд.
Бар хабари котиботи КҲФ, роҳбари ин ниҳод аз ҷумла аз маконҳои хисоротдида дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмон Ҷомӣ дидан намуд.
Гуфта мешавад, масъулони шӯъбаҳои кумитаи мазкур ба Рустамзода дар мавриди корҳои анҷомшуда, кумак ба осебдидагон, ёрӣ барои бунёди манзилҳо ва покизаю барқарор кардани роҳҳо ҳисобот доданд.
Гуфта мешавад, Ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ бо дастгирии ташкилотҳо ва соҳибкорони ватанӣ, сокинони зарардидаро то ҳол бо маводи хӯрока, доруворӣ ва ашёи рӯзгор таъмин мекунанд.
Ёдрас мешавем, боронгариҳои рӯзҳои 8 то 11 май, ки гуфта мешавад 9 қурбонӣ бар ҷой гузошт, зиндагии 14 ҳазору 500 нафарро дар вилояти Хатлон душвор кард.
Ин ҳодисаи нохуш ҷони одамонро дар ҳолатҳои гуногун гирифт.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар фавтиданд, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расид.
Дар ин вилоят 128 хона ба таври комил бар асари сел вайрон шуда ва 400 хонаи дигар ба тармиму бозсозӣ ниёз дорад.