ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Ду мард, ки дар ҳамлаи ваҳшиёна ба муҳоҷир гумонбар дониста мешуданд, боздошт шуданд, менависад 78.ru бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Қайд карда мешавад, ки ҳамлагарон "ҳамкорони дӯкон" -и ӯ - шаҳрвандони хориҷӣ аз Молдова ва Тоҷикистон будаанд.
Нисбати боздоштшудаҳо барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳардуи гумонбар дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Санкт-Петербург авоили ин ҳафта як ҳодисаи мудҳиш рух дод.
Афроди номаълум ба муҳоҷире аз Ӯзбекистон ҳамла карда, ӯро бо корд захмӣ карда ва сипас оташ задаанд.
Марди захмишудаи сӯхта ба шоҳроҳе расидааст, ва зодаи Тоҷикистон ӯро бардошта ба беморхона бурдааст.
Мард аз сабаби ҷароҳаташ муддати дароз беҳуш будааст. Вазъи ӯро вазнин арзёбӣ карда буданд.