ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла аз мавзеи бунёди муҷассамаи "Рамзи китоб" дар шаҳри Панҷакент боздид кард.
Тибқи иттилоил котиботи ҳукумати Суғд, муҷассамаи "Рамзи китоб" бо баландии 14 метр дар маркази шаҳри Панҷакент қомат афрохтааст.
"Деворпоя — 20 метр, ҳалқаи поёнӣ — 5,5 метр ва давраи болоӣ — 4 метрро ташкил медиҳад. Он аз 5 сутунпоя — ишора ба номи қадимии Панҷакент, яъне шумораи "панҷ" ва "кат" аз забони суғдӣ – деҳа иборат мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар ин сутунпояҳо нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ифода ёфтаанд. Дар болои сутунпоя давраи электронӣ ҷойгир аст, ки дар он мисраъҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ҳамчун сатри равон мунтазам пахш мегарданд.
Котибот тавзеҳ дод, ки аз болои давраи электронӣ кураи Замин бо ифодаи харитаи Тоҷикистон ва дар кунҷи чап номи Панҷакент омадааст. Дар атрофи кураи Замини тасвирёфта хомаву ранг ва китоби кушода нишон дода шудаанд.
Дар китоб мисраъҳо аз ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик — Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаккокӣ карда мешавад.
Дар доираи сафари корӣ ба Панҷакент, Раҷаббой Аҳмадзода инчунин бо ҷараёни бунёди бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрӣ ошно шуд.
"Иншооти мазкур аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 80 кат пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари он идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент буда, паймонкор ҶДММ “Асл” мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Раиси Суғд ба масъулину бинокорон барои иҷрои босифати корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки имсол таҷлил мегардад, дастур додааст.