ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи маргбори нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш бегоҳи 7 июн, тахминан соати 17:40 дақиқа рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 27 - солаи автомашинаи "Лексус - 570", ки сокини ин шаҳр мебошад, ҳангоми ҳаракат аз самти Хоруғ ба самти ноҳияи Шуғнон дар назди фурудгоҳ аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромад.
Дар натиҷа, ноболиғи 14 - сола, ки бо дучарха ҳаракат дошт, зери чархи мошин монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин як ҳодисаи ба ин монанд дар шаҳри Душанбе рух дод.
"Ронандаи "Тайота Ландкрузер" ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Неъмат Қарабоев аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, пиёдагарди 2 - соларо пахш кард. Кӯдак аснои ба бемористн интиқол додан, дар нимароҳ ба ҳалокат расид", - омадааст дар хабар.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.