ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент, роҳи кӯчаи ба номи Лоиқ Шералӣ бо маблағгузории мақомоти вилоят мумфарш карда мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, мумфаршкунӣ бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз шудааст.
Дар акс дида мешавад, ки раиси вилоят бел дар даст ва роҳро мумфарш мекунад.
Ӯ ҳамчунин, зимни суҳбат бо сокинон гуфтааст, ки бо дастури Президент дар саросари вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфтааст.
Ва дар ин росто, роҳи кӯчаи ба номи Лоиқ Шералӣ бо дарозии 3 км ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ, пурра мумфарш карда мешавад.
Начало асфальтирования улицы Лоик Шерали в городе Пенджикент
Манбаъ афзуда, ки сипас, Раҷаббой Аҳмадзода аз сохтмони дарвозаи ғарбии шаҳр боздид кардааст.
Ба иттилои масъулин дарвозаи ғарбии шаҳр бо 12 метр баландӣ ва 20 метр паҳноӣ сохта шуда, дар ҳудуди иншоот ҷойи қабули меҳмонон таъсис ёфтааст.
Инчунин дар ин ҷо гӯшаи рамзҳои давлатӣ, Қаҳрамонони Тоҷикистон ва деворнигораҳои қадимӣ ташкил хоҳад шуд.