ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Дар деҳаи Танги ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохтмони зеристгоҳи барқии назди НОБ-и "Помир -1" дар арафаи анҷомёбист.
Ин зеристгоҳ аз ҷониби ширкати ҶСК "Помир Энерҷӣ" сохта шуда, то моҳи августи соли равон бояд ба истифода дода шавад.
Тибқи итттилои мақомоти ноҳияи Шуғнон, корҳои сохтмонии ин зеристгоҳ моҳи октябри соли 2020 оғоз гардида буд.
Бо рафти корҳои сохтмонӣ раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода ошно шудааст, менависад АМИТ "Ховар".
Раиси ноҳия барои зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва васлу насби трансформатори зеристгоҳи барқии нав ба масъулини шабакаҳои барқии ноҳия дастуру тавсияҳои иловагӣ додааст.
Гуфта мешавад, ки ин зеристгоҳ ба муносибати таҷлили 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.