ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо шаҳрдори шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Довуд Султонзуй ва ҳайати ҳамроҳони ӯ дидору мулоқот кард.
Бино ба гузориши Вазорати нақлиёт дар ин мулоқот, ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
"Қайд намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкориҳо ва мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Афғонистон чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард", омадааст дар хабарнома.
Сиёсатмадорон бо мақсади рушди тиҷорат, тадбирҳои заруриро дар самти содда гардонии раванди ҳамлу нақли байналмилалӣ, тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан мувофиқи мақсад ҳисобиданд.
Тибқи иттилои манбаъ мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо шаҳрдори шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй ва ҳайати ҳамроҳони вай дар фазои дӯстиву бародарӣ сурат гирифтааст.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, лоиҳаеро тасдиқ кард, ки интизор меравад, омадурафти тоҷикистониёну ӯзбекистониҳоро ба қаламрави ҳамдигар сода ва бидуни қайд кунад.
Бар асоси ин лоиҳа, ки дар арафаи сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон тасдиқ гардид, сафари тарафайни шаҳрвандони ду кишвар бидуни сабт хоҳад буд.
Аз ҷумла ба созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди омадурафти шаҳрвандон банди нав дохил мегардад, ки дар он таъкид шудааст, шаҳрвандони ду кишвар ҳангоми омадурафт ба қаламрави ҳамдигар тайи 10 рӯзи корӣ баъди убури марз аз сабту қайди муваққатӣ дар мақомоти дахлдор озод карда мешаванд.
Инчунин таъкид шудааст, ки агар қонунгузории яке аз кишварҳо шароитҳои беҳтаре аз ин созишномаро фароҳам орад, он меъёрҳои қонунгузории миллӣ амал хоҳанд кард.