ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Идораи рӯҳониёни Қирғизистон иҷоза дод, ки дар масҷидҳои Бишкек намози ҷумъа хонда шавад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Дар баробари ин муфтиёт ҳушдор дод, ки мусалмонон бояд риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитариро фаромӯш накунанд.
Ҳамин тавр, аз 11 июн мусалмонон метавонанд ба масҷидҳо рафта намоз гузоранд.
Манбаъ афзуд, ки риояи қоидаҳои эпидемиологӣ дар масоҷид дар саросари кишвар ҳатмӣ аст.
Ёдрас мешавем, ки охирин бор рӯзи 30 апрел бинобар бад шудани вазъи коронавирус дар пойтахт муфтиёт баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ кард.
Ёдрас мешавем, ки дар Қирғизистон аз аввали ҳамагирии вируси корона ӣто кунан 107 714 кас гирифтори вируси корона шудааст.
Аз ин шумор 1859 нафар дар паи ин вабои аср ҷони худро аз даст додааст.
Дар умум 101 033 кас ин бемориро бо хубӣ паси сар кардааст.
Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон дари масҷидҳоро, ки аз моҳи апрели соли гузашта бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус баста буд, аз 1 - уми феврал дубора боз кард.