ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Козими Ҷалолӣ, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия аз қасди мақомоти Теҳрону Маскав барои имзои тавофуқномаи марбут ба лағви раводиди фардӣ барои гурӯҳҳои туристӣ хабар дод, иттилоъ додааст ТАСС.
Ҷалолӣ ахиран дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки Алӣ Акбарӣ Мунисиён, вазири гардишгарӣ, мероси фарҳангӣ ва саноеи дастии Эрон рӯзи душанбе дар ҷарёни сафари худ ба Маскав, тавофуқномаи марбут ба лағви раводиди фардӣ барои туристҳое, ки ба сурати гурӯҳӣ ба ҳар як аз ду кишвар сафар кунандро имзо хоҳад кард.
Ба гуфтаи ин дипломат, бар асоси мафоди ин тавофуқнома, туристҳои эронӣ ва русӣ аз ин ба баъд метавонанд аз тариқи ширкатҳои муътабар ва ба сурати гурӯҳӣ ва бидуни ниёз ба ахзи раводиди фардӣ, ба ҳар як аз ду кишвар сафар кунанд.