ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар байни кишварҳои ИДМ сатҳи камтарини гирифторӣ ба коронавирус доранд, гузориш медиҳад Кумитаи омори ИДМ.
Тибқи маълумоти СҶБ, аз аввали соли 2020 то 1 июни соли 2021 дар ҷаҳон 170,4 миллион ҳолати тасдиқшудаи коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, шумораи фавтидагон аллакай ба 3,5 миллион нафар расидааст, ки 300 ҳазор нафар дар моҳи майи соли равон фавтидаанд.
Зимнан, дар миқёси кишварҳои ИДМ 9,1 миллион ҳолати тасдиқшудаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи фавтидагон бошад, ба 200 ҳазор нафар баробар аст.
Дар гузориш омадааст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар байни кишварҳои Иттиҳод аз рӯи шумораи ками сироятҳои коронавирус ҷойҳои аввал ва дуввумро ишғол кардаанд. Тибқи маълумоти СҶБ, то 7 июн дар Тоҷикистон коронавирус дар 13308 нафар тасдиқ шудааст. 13218 бемор аз ин беморӣ шифо ёфтанд. Ҳамзамон, 90 нафар шаҳрвандон қурбонии ин беморӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз мобайнҳои моҳи январ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт нагардидааст.