ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати беҳдошти Ҳиндустон аз моҳи марти соли гузашта то кунун дар кишвар 28,99 миллион ҳолати гирифторӣ ба вируси корона қайд шудааст.
Аз ин шумор 27,3 миллион кас шифо ёфтаву 351 ҳазор бемор, ҷони худро аз даст додааст.
Дар ҳамин ҳол 1,3 миллион кас дар ҳоли ҳозир аз ин вабои аср табобат мегиранд.
Бори аввал дар 61 рӯзи охир теъдоди гирифторони беморӣ дар як шабонарӯз аз 100 ҳазор кас камтар мебошад. Ҳамин тавр, дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Ҳиндустон 86,4 ҳазор кас гирифтори коронавирус шуд.
Чуноне пизишкон қайд мекунанд, аллакай рӯзи 12-ум мешавад, ки теъдоди гирифторони беморӣ дар як шабонарӯз аз 200 ҳазор камтар аст. Ин тамоюл аз пастшавии шиддати сироятёбӣ дар кишвар дарак медиҳад.
Бори дуюм афзоиши гирифторони коронавирус дар Ҳиндустон аз моҳи феврали соли равон ба қайд гирифта шуд.
Аз 21 апрел то 17 май ҳамарӯза беш аз 300 ҳазор кас гирифтори вируси корона мешуд.
Вазорати тандурустии кишвар инчунин афзоиши шумораи одамонеро, ки аз коронавирус эм карда мешаванд, қайд кард.
Ҳамин тавр, беш аз 235 миллион нафар ё каме бештар аз 17% аҳолии кишвар ваксинаи COVID-19 гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 46,5 миллион нафар аллакай қисми дуюми ваксинаро низ гирифтаанд.