Бархӯрди пурқурбонии ду қатора дар Покистон: 63 нафар кушта шуд - навор аз ҷойи ҳодиса

Бархӯрди ду қатораи мусофирбар дар ҷануби Покистон 63 нафарро кушт ва беш аз 100 нафарро маҷрӯҳ кард
Sputnik
Ба гуфти мақомоти маҳаллӣ, ин ду қатора дар байни истгоҳҳои роҳи оҳан дар наздикии шаҳри Готкаи музофоти Синд ба ҳам бархӯрданд.
Садамаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ-Қулма": худрав ба дарёи "Ғунд" чаппа шуд
Задухӯрд бо сабаби аз кор баромадани қатораи аввалӣ рух додааст. Ронандаи қатори дуюм бо фарқи чанд дақиқа тормозро зер кард, аммо натавонист бархӯрдро пешгирӣ кунад.
"Вақте, ки қатораи мо аз роҳ баромад, мо болои ҳамдигар ғалтидем, аммо ин бадтарин чиз набуд. Пасон қатораи дигаре моро зад. Ҳангоме, ки ман ба худ ​​омадам, мусофиронро атрофи худ дидам, ки талош доштанд, аз дохили қатора бароянд", - нақл кард мусофири қаторае, ик аз роҳ баромад.
Бино ба гузоришҳо, қатораи дуввум аз мусофирон пур буд. Дар маҷмӯъ ҳашт вагон хароб шудааст.
Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Имрон Хон ва мардуми Покистон