Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Аз Нигина то Юлдуз: 250 санъаткор дар назди Раҳмону Мирзиёев ҳунарнамоӣ мекунанд - акс

Дар консерти "Шоми дӯстӣ", ки 10 июн бо ҳузури президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар "Кохи Борбад" барпо мешавад, 250 санъаткори тоҷику ӯзбек ҳунарнамоӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Беш аз 100 ҳунарманди Ӯзбекистон барои ширкат дар консерти "Шоми дӯстӣ" ба Душанбе омаданд.
Миёни онҳо мақомсароён, мутрибон, раққосон мебошанд. Ҷониби Ӯзбекистонро ҳунармандон - Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Абдуҳошим Исмоилов, Элмурод Аҳмадов, гурӯҳи мақомсароён, ансамблҳои рақсии “Ӯзбекистон” ва “Тошкент зеболари” намояндагӣ хоҳанд кард.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳайати ҳунармандонро вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков роҳбарӣ мекунад.
В Таджикистан прибыла делегация узбекских мастеров
"Меҳмононро дар майдони ҳавоии Душанбе вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давалатзода ва муовини аввали вазири фарҳанг Обид Назариён пешвоз гирифтанд", - омадааст дар хабар.
Гурӯҳи ҳунармандони Ӯзбекистон дар “Шоми дӯстӣ” - барномаи муштараки консертии устодони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Раҳмону Мирзиёев дар як консерти бузург дар Душанбе ширкат хоҳанд кард
Ин консерт 10 июни соли равон бо ҳузури президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад.
В Таджикистан прибыла делегация узбекских мастеров
Дар барномаи муштараки консертӣ аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 150 ҳунарманди шинохтаи кишвар, аз ҷумла Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Тулқун Тоҷибоев, Нигина Амонқулова, Ситораи Кароматулло, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, ансамблҳои рақсии “Гулрез”, “Ҷаҳоноро”, “Лола”, “Парасту”, “Базморо” ва ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ҳунарнамоӣ мекунанд.
“Шоми дӯстӣ” дар дойираи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 анҷом мегирад, баргузор хоҳад шуд.