ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Санади мазкур дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати молияи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадафи Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз, ин сода намудани низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва беҳтар намудани риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз мебошад.
“Маблағи умумии амалиёт 50 миллион долларро ташкил дода, он аз Барнома ва Лоиҳа иборат мебошад”, - таъкид доштааст вазорати молия.
Гуфта шудааст, ки қисмати Барномаи Амалиёт 37,5 миллион долларро ташкил дода, барои татбиқи чорабиниҳои соддагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва такмили риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз, ки аз “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” бармеояд, равона мегардад.
Қисмати дуюм ин маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории ҷудогардидаи 12,5 миллион доллари амрикоӣ буда, он харидорӣ, таҳияи барномаи таъминотӣ барои автоматикунонии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва равандҳои тиҷоратро дарбар гирифта, аз такмили технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва идоракунии лоиҳа иборат мебошад.
Вазорати молия зикр намудааст, ки татбиқи амалиёти мазкур соли равон оғоз ёфта, соли 2026 анҷом холҳад ёфт.