Эмомалӣ Раҳмон ба Нуробод рафт

Дар ин сафар президенти кишвар бо фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба шарқи кишвар ноҳияи Нуробод рафтааст.
Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳраки Дарбанд - маркази ноҳияи Нуробод роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва руҳияи болида истиқбол намуданд, хабар додааст котиботи президент.
Ба иттилои манбаъ, президент бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти нав ба ин минтақа сафар кардааст.
Навори сафари кории президент ба Ворух
Гуфта мешавад, раисиҷумҳури кишвар дар доираи сафараш ҳамзамон бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот хоҳад кард.
Як манбаъ аз Ҳукумати кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар ва омодагиҳо ба он, дар назара аст сафарҳои президент ба дигар навоҳӣ низ сурат гирад.