Байден нахост пеш аз мулоқоташ бо Путин бо Зеленский гуфтугӯ кунад

Раисҷумҳури Амрико баъд аз тағир ёфтани раҳбарияти ширкати давлатии энержии Нафтогаз дигар намехоҳад пеш аз дидору гуфтугӯ бо Владимир Путин бо роҳбари Украина мулоқот кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз мулоқот бо президенти Украина Владимир Зеленский қабл аз нишасти Русияву Амрико даст кашид, иттилоъ додааст Axios дар истинод ба як манбаъ аз Кохи Сафед.
Гуфта мешавад, ки Байден воқеан мехост пеш аз музокира бо раҳбари Русия Владимир Путин дар Женева бо раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дидору гуфтугӯ кунад. Аммо баъдтар, Кохи Сафед фикрашро иваз кард.
Ба иттилои Axios, ин тасмим бо тағир ёфтани раҳбарияти ширкати давлатии энержии Нафтогаз марбут будааст.
Мақомоти ИМА дар амалҳои Украина радди мубориза бо коррупсияро диданд, менависад рӯзнома.
Байден гуфт, Путин медонад ИМА дар посух ба амалҳои зиёновар таърих надорад
Дар навбати худ, Зеленский омодагии худро барои мулоқот бо Байден дар арафаи нишасти Русияву Амрико дар Женева эълон кард. Зеленский мехоҳад дар бораи татбиқи лоиҳаи “Маҷрои Шимолӣ -2” гуфтугӯ кунад.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 16 июн дар ҳамоиши дуҷониба ширкат кунанд. Мулоқот дар шаҳри Женева баргузор мешавад.
Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, руасои ҷумҳур муносибатҳо миёни кишварҳо, суботи стратегӣ, мубориза бо пандемияи коронавирус ва ҳалли низоъро баррасӣ хоҳанд кард.