Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Пурра сӯхт: нашри навори "суқут" - и чархболи низомии Қирғизистон дар Ӯш

Тибқи маълумоти расмӣ, чархбол нишасти изтирорӣ кардааст. Аммо, наворҳо нишон медиҳанд, ки ҳавопаймо суқут кардааст ва сӯхтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор аз маҳалли суқути чархбол нашр шудааст - муаллиф иддао дорад, ки ин чархболи Ми-8 МТ нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон аст.
Ёдрас мешавем, рӯзи 4 июн, соати 12:45, як чархболи низомие, ки Қамчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистонро ҳамроҳӣ мекард, дар роҳ ба сӯи ноҳияи Чон-Алай, наздик ба марзи Тоҷикистон, ба замин афтодааст.
Тибқи иттилои Вазорати дифоъ, дар дохили чархбол 15 нафар буданд: 12 мусофир ва се халлабон. Дар натиҷаи фуруди изтирорӣ чархбол оташ гирифт. Вазорати тандурустӣ аз 14 захмишуда хабар дод: панҷ нафар дар шӯъбаи сӯхтаи бемористон, як нафар дар шикасту банд, се кас дар бахши ҷарроҳии нейрохирургӣ бистарӣ шуданд.
Вазъи яке аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад, чор нафар дар ҳолати вазнин ва чаҳор нафари дигар дар ҳолати нисбатан қаноатбахш қарор доранд.
Аз баргардонии нерӯҳо то чарогоҳу тақсими марз: матни протоколи созиши Душанбею Бишкек
Ёдовар мешавем, рӯзи ҷумъа расонаҳои Қирғизистон иддао нашр карданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд. Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистонро рад кард.
Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш низ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нишасти изтирории чархболи низомии Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон
Аммо Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз марз ба мувофиқа расидаанд - Видео
"Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”, -гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард.
Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тошиев сабаби фуруди изтирории чархболи низомиро эълом кард

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти Хоҷаи Аъло маъруф ба “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Бишкек ва Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам карда буданд.