Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Коронавирус дар Қирғизистон: фавти 5 нафар дар як шабонарӯз

Бишкек ва вилояти Чуйи Қирғизистон ҳамоно аз ҳисоби фавту сироятшавӣ ба коронавирус пешсаф мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон дасти кам 5 нафар маризони коронаиврус ҷон аз даст доданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба Вазорати беҳдошти он кишвар.
Бар хабари манбаъ, 4 фавт дар шаҳри Бишкек ва 1 марги дигар дар вилояти Чуй ба қайд гирифта шудааст.
Ин ду минтақа ҳамоно аз ҳисоби маргу мир ва ҳолатҳои ҷадиди сироятшавӣ ба вируси COVID - 19 пешсаф мебошанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Қирғизистон тирамоҳ навъи вазнини COVID пайдо мешавад - шарҳи вазир
Зимнан, давоми 24 - соати ахир дар Қирғизистон 337 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Манбаъ меафзояд, аз авоили бурузи ин маризӣ дар Қирғизистон 106 973 нафар мубталои вирус шуда, 1847 бемор ба ҳалокат расиданд.
Путин гуфт, кай сафар ба Русия ва ба кишварҳои хориҷ озодтар мешавад
Дар Тоҷикистон аз мобайнҳои моҳи декабри соли ҷорӣ ягон мавриди сироятшавӣ ба коронавирус сабт нагардидааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Малишева гуфт, истеъмоли кадом ғизо пас аз ваксингирӣ ба саломатӣ хатар дорад
Дар ҷумҳурӣ 13 308 нафар гирифтори ин дард шуданд, ки аз ин миён 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд ва 90 бемор фавтиданд.