Дар Канада хуруҷи бемории номаълум ба қайд гирифта шуд

Шумораи умумии ин ҳолатҳо ба 48 адад расидааст, ки аз он ҷумла шаш нафар дар паи он фавтидаанд. Дар байни нишонаҳо мутахассисон бехобӣ, вайрон шудани функсияҳои рощгардь, аз даст додани хотира ва хастагиро ва ном мебаранд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Дар вилояти Ню-Брансуики Канада хуруҷи бемории номаълум ба цайд гирифта шуд, менависад РИА Новости бо истинод ба The New York Times.
Тибқи гуфтаи невропатолог Нил Кашман, ба беморон ташхиси бемории демрессияи босуръат афзоянда вабемории равонӣ гузошта шудааст, ки он тавре ки беморон тавсиф карданд, чунин менамояд, ки гӯё мағзи сар ва ҳароммағз назоратро аз даст дода бошанд.
Кадом моҳ таваллуд шудаӣ ва чӣ беморӣ хоҳӣ дошт? Мясников вобастагиро гуфт
"Мардум ба ташвиш афтоданд. Онҳо мепурсанд, ки оё ин аз таъсири муҳити атроф аст ё ин бемории ирсӣ аст? Хӯрдани гӯшт ё моҳии ғайристандартӣ ё чизи дигаре ба беморӣ оварда мерасонад? Ҳама мехоҳанд посухашро бидонанд", - гуфт раиси яке аз шаҳрҳои ба эпидемия гирифторшуда, Айвон Годин.
Ин беморӣ бори аввал соли 2015 кашф карда шуд ва аз он вақт инҷониб шумораи умумии гирифторон ба 48 адад расидааст, ки аз ҷумла шаш нафар фавтидаанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Мавҷи сеюми коронавирус? пизишкони Нур-Султон аз авҷи шадиди беморӣ бонги изтироб мезананд
Дар байни нишонаҳо мутахассисон бехобӣ, вайрон шудани кори мағзи сар, аз даст рафтани хотира ва хастагиро ном мебаранд.
Дар айни замон, табибон ташхисро дақиқ муайян карда наметавонанд, зеро зуҳуроти беморӣ бо ҳам робитаи возеҳе надоранд.