Ҳушдори роҳбари олии Эрон ба номзадҳои президентӣ баъди мунозираи аввали интихоботӣ

Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ, роҳбари олии Эрон дар пайи нахустин мунозираи номзадҳои мақоми президентӣ дар ин кишвар вокуниш кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Алӣ Хоманеӣ дар пайи нахустин мунозираи интихоботии номзадҳои президентии Эрон, бо нашри як изҳоророт дар хусуси парҳез аз тавҳину тахриб тазаккури ҷиддӣ дода шудааст.
Дар вокуниш ба мунозираи аввали номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, ки рӯзи шанбе баргузор шуд, Хоманеӣ номзадҳоро ба худдорӣ аз туҳмату тарсдиҳии мардум даъват намудааст.

“Ҳар вақте номзадҳо дар манозироти телевизионӣ равиши иҳонату тавҳину туҳмату тахриби тарафи муқобил ва тарсондани мардум аз рақибро дунбол карданд, кишвар ба наҳве зарар кард”, - хабар додааст “Парстудей” бо такя ба саҳифаи инстаграми роҳбари олии Эрон.

Сенздаҳумин интихоботи раисиҷумҳур дар Эрон 28 хурдодмоҳи соли 1400 баробар бо 18 июни 2021-и мелодӣ баргузор мешавад.
Президенти нави Эрон ба Душанбе даъват мешавад: Зоҳидӣ аз узвияти Теҳрон дар СҲШ гуфт
Дар феҳрасти номзадҳое, ки Шӯрои нигаҳбони ин кишвар таъйид кардааст, Саиди Ҷалилӣ фарзанди Муҳаммадҳасан, Муҳсини Ризоии Мирқоид–фарзанди Наҷаф, Оқои Саидиброҳими Раисӣ ­Ал Содот, машҳур ба Раисӣ– фарзанди Саидҳоҷӣ, Алиризо Зоконӣ – фарзанди Ҳусайн, Саидамирҳусейни Қозизодаи Ҳошимӣ–фарзанди Саидҳасан, Муҳсини Меҳрализода– фарзанди Раҳим ва Абдунносир Ҳимматӣ – фарзанди Аҳмадалӣ зикр шудаанд.
Дар Эрон як нафар ҳақ дорад, барои ду давраи чаҳорсола раисиҷумҳур интихоб гардад. Роҳбарии ду давраи охирро дар Эрон Ҳасани Руҳонӣ ба уҳда дошт, ки барои муносиботи Тоҷикистону Эрон беҳтарин давра набуд.