ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, харидори шартӣ Холмуродов Абдураҳмон ба бозори “Варзмол”-и шаҳри Турсунзода ҳозир гардида, ба Назаров Ҳабибулло хариди се ҳазор долларро пешниҳод кардааст. Ба иттилои манбаъ, Назаров, ки дар бозори мазкур ба фуруши матоъ машғул будааст, изҳор доштааст, ки ин миқдор маблағро надорад ва ба соҳибкори дигари бозор, Маҳмудҷон Атабоев муроҷиат кардааст.
Додситонӣ афзуд, ки Назаров ба Атабоев 100 доллари ИМА-ро бар ивази 1145 сомонӣ пешниҳод намуда, мақсади 300 сомонӣ фоида гирифтанро доштааст.
Зикр шудааст, ки Атабоев ба пешниҳоди Назаров розӣ шуда, маблағи 34350 сомониро бо худаш гирифта, дар дохили автомашина бо 3000 долар иваз намуда, мегирад.
“Назаров баъди аз автомашина фаромадани харидори шартӣ Холмуродовро ба нуқтаи савдояш бурда, ҳангоми ҳисоб кардани 300 сомонӣ ҳаққаш аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳри Турсунзода дастгир карда мешавад”, - иттилоъ дод додситонӣ.
Додгоҳ Назаров ва Атабоевро барои асоси моддаи 286 –и Кодекси ҷиноӣ қисми 2 гунаҳкор дониста, ҷарима бастааст. Ҷузъиёти ҷазо гуфта нашудааст, аммо ин банд барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ то як ҳазору 95 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз чор то шаш соли зиндон пешбинӣ кардааст.