Байден гуфт, Путин медонад ИМА дар посух ба амалҳои зиёновар таърих надорад

Дар баъзе соҳаҳо, ҳамкории Маскав ва Вашингтон метавонад муассир бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Иёлоти Муттаҳида намехоҳад бо Русия муноқиша кунад. Дар ин бора роҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден дар мақолаи худ барои Washington Post изҳор кардааст.
Ба гуфти раҳбари Амрико, Иёлоти Муттаҳида ба муносибатҳои устувор ва пешгӯишаванда бо Федератсияи Русия дар он соҳаҳое манфиатдор аст, ки кишварҳо метавонанд ҳамкорӣ кунанд.
Пеш аз ҳама, ба ақидаи Байден, ин суботи стратегӣ ва назорати силоҳ аст.

"Ман фавран ДНСВ (Аҳднома дар бораи коҳиш ва маҳдуд кардани силоҳҳои стратеги) -ро барои панҷ сол тамдид кардам, то амнияти Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳонро тақвият диҳам", - таъкид кард сарвари Кохи Сафед.

Ҳамзамон, вай қайд кард, ки бархӯрди Вашингтон ба "чолишҳои Русия" дер интизор нахоҳад шуд.
"Президент Путин медонад, ки мо дар посух додан ба амалҳои зиёновар таъхир нахоҳем дошт", - афзуд ӯ.
Пирӯзии мутлақи Путин: Амрикоро шикасти Байден дар мулоқоти Женева интизор аст
Байден гуфт, ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ бо раҳбари Русия, вақте гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар ҷустуҷӯи низоъҳо бо Федератсияи Русия нест, ошкор буд.
Ғайр аз ин, роҳбари Кохи Сафед баъзе ҷузъиёти ҳамоиши қарибулвуқӯи Русия ва ИМА дар Женеваро нақл кард.
Ба гуфти Байден, вай бо Путин "дар пайи музокироти сатҳи олӣ бо дӯстон, шарикон ва ҳампаймонҳояш, ки ҷаҳонро дар як самт мебинанд, ки мо бо онҳо робитаҳо ва ҳадафҳоро барқарор кардем" мулоқот хоҳад кард.
Вай нияти худро дар мавриди суҳбат бо президенти Русия тасдиқ кард.
"Вақте, мо мулоқот мекунем, ман бори дигар ӯҳдадории Иёлоти Муттаҳида, Аврупо ва кишварҳои демократияи ҳамфикрро барои ҳимояи ҳуқуқ ва шаъну эътибори инсон таъкид мекунам", - гуфт Байден.
Ёдовар мешавем, ки аввалин мулоқоти шахсии Путин ва Байден рӯзи 16 июн дар Женева баргузор мешавад. Ин ҳамоиш бо ибтикори ҷониби Амрико баргузор шудааст.
Дақиқ шуд: Путин ва Байден моҳи июн дар Женева мулоқот мекунанд
Дар ҷараёни мулоқот, масалаҳое ба монанди суботи стратегӣ, мубориза бо пандемия, рӯзномаи байналмилалӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Русия ва ИМА матраҳ карда мешаванд.