Аз баргардонии нерӯҳо то чарогоҳу тақсими марз: матни протоколи созиши Душанбею Бишкек

Мулоқоти кории сарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар нуқтаи сарҳадии No 12/9 қитъаи Қарамиқ баргузор гардид, ки дар ниҳоят тарафҳо як протоколеро ба имзо расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон матни изҳороти муштараки комиссияҳои давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад нашр кард.
Мулоқоти кории роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду ҷумҳурӣ дар нуқтаи сарҳадии No 12/9 қитъаи Қарамиқ баргузор гардид. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки вазъи душвор дар ин минтақа бо роҳи сулҳу музокирот ҳал карда шудааст.
Дар протоколи имзошуда чунин бандҳо пешбинӣ мешавад:
Постгоҳҳои сарҳадӣ аз ҳарду ҷониб ба масофаи 3 километр ба дохили қаламрави Тарафҳо кӯчонида шаванд.
Неруҳои низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ба макони қарордошти доимӣ баргардонида шуда, танҳо нарядҳои доимии сарҳадӣ боқӣ монанд.
Дар хусуси истифодаи чарогоҳҳо дар ин минтақа қарор қабул гардид.
Ҳар як амал дар Сарҳади давлатӣ бояд қаблан бо Раисони Комиссияи Тарафҳо ҳамоҳанг карда шавад.
Нарядҳои сарҳадӣ тартиби муқарраргардидаи рафтори худро риоя намоянд.
Дар воситаҳои ахбори омма танҳо иттилооти байни Тарафҳо ҳамоҳангшуда ва тибқи протоколҳои қаблан имзошуда паҳн гардад.
Ба роҳбарони гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин нишонагузории қисмати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз нуқтаи сарҳадии №12/2 то нуқтаи сарҳадии №12/9 ба итмом расонанд.
Тарафҳо дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
Тарафҳо дар хусуси риояи қатъии бандҳои протоколи мазкур ба мувофиқа расиданд.

Охирин шиддат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи чоруми июн расонаҳои Қирғизистон иддао нашр карданд, ки ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“Ҷанг чӣ даркор?”: фурӯкаш шудани ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистонро рад кард.
Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш низ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.
Аммо Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”, -гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард.
“Қаламрави мост”: нота ба сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон
Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.
Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин сӯ идома доранд. Он замон аввалин даргирӣ миёни сокинони ду кишвар дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ба вуқӯъ пайваст ва охирин даргирии сангин низ 29 апрели соли равон дар ин деҳа оғоз шуда, ба тамоми манотиқи марзии миёни ду кишвар густариш ёфт ва зуд бо эълони як оташбас фурӯкаш шуд.
Он чӣ дар Лахш иттифоқ афтод, зоҳиран идомаи ҳамон танишҳост, ки ба хубӣ анҷом ёфт.