Яке қотили панҷ нафар: Русия чор ҷинояткори хатарнокро ба Тоҷикистон истирдод кард

Зодагони Тоҷикистон ба содир кардани ҷиноятҳо алайҳи амнияти ҷамъиятӣ ва тартибот айбдор карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Русия бо дархости Тоҷикистон чор шаҳрванди ин кишварро, ки ҷиноят содир кардаанд, истирдод кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Додситонии кулли Федератсияи Русия.
Зодагони Тоҷикистон ба содир кардани ҷиноятҳо алайҳи амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин алайҳи шахсони алоҳида ва амвол муттаҳам мешаванд.
"Додситонии кулли Федератсияи Русия бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи истирдоди 4 шаҳрванди ин кишвар, ки дар содир кардани ҷиноят муттаҳам мешаванд, қарор қабул кард", - омадааст дар хабарнома.
Қайд карда мешавад, ки айбдоршавандагон 5 июни соли 2021 ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
Гуфта мешавад, яке аз ҷинояткорони истирдодшуда Анушервон Аҳмадалиев буда ба ҷалби шаҳрвандон барои шомил шудан ба ва ширкат кардан дар амалиётҳои низомии гуруҳҳои террористии хориҷӣ ташвиқ кардааст.
Ҷинояткори дигаре, ки ба Тоҷикистон истирдод шудааст, Зиератшо Хушвахтов, бино ба иттилои хадамоти матбуоти додситонӣ, ба он айбдор мешавад, ки моҳи октябри соли 1997 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо маслиҳати пешакӣ бо шариконаш вориди саҳни хонае шуда, дар он ҷо як нафарро кушта, барои пинҳон кардани ҷиноят ду фарзандашро низ ба қатл мерасонад.
Пас аз як ҳафта, ӯ ҳамроҳи шариконаш марди дигар ва ҳамсари ӯро ба қатл мерасонанд.
Депорти сисола аз Русия барои ширкат дар ҷанги шаҳрвандӣ: дурӯғ ҳангоми шаҳрвандигирӣ
Шаҳрванди сеюми истирдодшудаи Тоҷикистон Шӯҳрат Ашӯров бо зарари вазнин ба саломатӣ бо корд ва табар аз моҳи майи соли 2017 айбдор мешавад. Чаҳорум ба фирор айбдор мешавад.
"Ба туфайли амалҳои ҳамоҳангшудаи Прокуратураи генералии Федератсияи Русия ва ҳамкории зич бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба даст овардани қарорҳои мусбӣ дар самти истирдод имконпазир гардид", - илова намуд хадамоти матбуот.