Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

“Ҷойи нигаронӣ нест”: шарҳи Шӯрои Амнияти Қирғизистон дар бораи вазъи марз

Котиботи Шӯрои Амнияти Қирғизистон қайд кардааст, ки вазъи бавуҷудомада дар марз танҳо бо роҳи сулҳу музокирот ҳалли худро пайдо хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Дар ҳоли ҳозир вазъ дар қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон нисбатан мӯътадил аст, иттилоъ медиҳад Котиботи Шӯрои Амнияти Қирғизистон, иттилоъ додааст Sputnik Қирғизистон.
"Вазъ дар марз таҳти назорат аст, мақомоти марбутаи давлат вазъро шабонарӯзӣ назорат мекунанд. Дар робита ба дархостҳои сершумори шаҳрвандон дар бораи вазъи марз, Котиботи Шӯрои Амният таъкид мекунад, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ далеле барои нигаронӣ вуҷуд надорад ", - гуфта мешавад дар изҳорот Котиботи Шӯрои Амният.
Манбаъ афзуд, ки вазъи кунунӣ танҳо бо роҳи сулҳ ва музокирот ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Қаблан расонаҳои Қирғизистон иддао нашр карданд, ки ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон сокинонро аз деҳоти наздимарзӣ бо Тоҷикистон берун карда истодааст - аксҳо
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистонро рад кард.
Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш низ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.
Аммо Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”, --гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард.
Мувофиқаи раисони вилоятҳои Суғду Бодканд барои дар марз мустақар накардани нерӯҳо
Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти Хоҷаи Аъло маъруф ба “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Бишкек ва Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам карда буданд.