Ҳашт афсар кушта шуд: боз як ҳамлаи хунини Толибон ба артиши Афғонистон

Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) дар як ҳамла дар ду сардори пулис ва шаш афсар куштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории “Tolo News”, ахиран мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар як ҳамла, ки дар ноҳияи Ҷулгаи вилояти Бағлон сурат гирифт, ду сардори пулис ва шаш афсар кушта шудааст.
Манбаъ хабар додааст, ки ҷанг миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи Толибон аз шаби 5-уми июн дар ин ноҳия оғоз шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷанг Гулбуддин, сардори полиси ноҳияи Ҷулга ва Лутфулҳақ, сардори пулиси ноҳияи Бурқаи Бағлон, кушта шудаанд.
Доктор Абдуллоҳ: "Толибон" дигар баҳонае надорад
Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) дар ҳоле ҳамлаҳоро афзоиш додаанд, ки нерӯҳои ИМА то 11-уми сентябри имсол бояд Афғонистонро тарк кунанд.
Бояд қайд кард, ки гурӯҳи Толибон бо Амрико ба созиш расида буданд, ки бо давлати Афғонистон барои сулҳ музокирот мекунад. То ҳол ин музокира натиҷа надодааст.