Бонки миллӣ иҷозатномаи “Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ”-ро тамдид кард

Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ” барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ барои панҷ 5 соли дигар тамдид шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора санаи 1 июни соли 2021 қарори Раёсати Бонки миллӣ ба имзо расидааст.
“Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бо қарори Раёсати Бонки миллии бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатнома, ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ” барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Бонки миллӣ ба ширкти “СИ ЭЙЧ ЭЛ ИНТЕРНЕШНЛ” барои фаъолияти махсус иҷозатнома дод
Дар ҳамин ҳол, масъулини Бонки миллӣ қайд анмуданд, ки иҷозатномаи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2019, барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд.
Раёсати бонк идораи назорати суғуртавиро уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.