ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Тибқи тақвими баргузории барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои пойтахт дар рӯзҳои истироҳатӣ, 5 июн Муассисаи давлатии “Ансамбли тарона ва рақси Сомон” дар Боғи “Рӯдакӣ”, бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар Боғи “Ирам”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар Боғи “Кӯли ҷавонон”, шаҳри Хоруғ дар Боғи “Абулқосим Фирдавсӣ” ва Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи М. Осимӣ дар “Майдони 800- солагии Москва” барномаи фарҳангии худро манзури сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Тибқи иттилои кумитаи ҷавонон ва варзиш 6 июн, рӯзи якшанбе бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар Боғи “Ҷавонон”, Муассисаи давлатии “Ансамбли тарона ва рақси Сомон” дар “Боғи ба номи Садриддин Айнӣ”, Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи “Устод Рӯдакӣ” ва шаҳри Ҳисор дар “Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” бо пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ хотири иштирокдоронро болида мегардонанд.
Барномаҳои фарҳангӣ як соат идома меёбанд ва аз соати 18:00 то 19:00 доир мешаванд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ додааст, шурӯъ аз моҳи майи соли равон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои пойтахт силсилабарномаҳои фарҳангӣ доир карда мешаванд.
Ин барномаҳои фаҳангӣ, ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои пойтахт баргузор мешавад.