ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Барои ҳалли вазъияти пешомада дар марз бо Тоҷикистон, Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон, Назирбек Борубаев, намояндаи махсуси Девони вазирон дар умури марзӣ ва Абулат Мирзоев, раиси Оҷонсии давлатии заминҳои Қирғизистон ба маҳали ҳодиса рафтаанд, иттилоъ додааст “Вечерний Бишкек”.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вазъ дар минтақаи марзии Унжу-Булоқи ноҳияи Ҷон-Олойи вилояти Уш дар марз бо Тоҷикистонро "муташанниҷ" гуфтааст.
Тибқи изҳороти ҷониби Қирғизистон, соати 3-и бомдоди 4-уми июн ҷониби Тоҷикистон дар минтақаи ҳанӯз аломатгузоринашуда дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави Қирғизистон, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст.
Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчунин таҷаммуи нерӯҳои низомӣ бо мошинҳои сабукрав ва техникаи зиреҳпӯш мушоҳида шудааст.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ки соати 6-и субҳи имруз ҷониби Тоҷикистон контейнерро дар минтақаи аломатгузоринашуда ҷойгир карда, одамон аз маҳали ҷойгиршавии он 600 метр ақиб гаштанд.
Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар як изҳороти худ таъкид додааст, ки дар натиҷаи кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз дарозии умумие, ки 986,7 км-ро ташкил медиҳад, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасвир шудааст.
“Яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад”, - таъкид доштааст КДАМ Тоҷикистон.
КДАМ зикр кардааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ дар самти муайян кардани хатти убури сарҳади давлатӣ корро идома медиҳанд ва пешниҳодҳои худро манзур менамоянд.
Тибқи созиш дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ, нуқтаҳои марзии алоҳида тавсиф карда шуданд.
Қайд шудааст, ки айни замон отряди посбонони сарҳадии ҚC-и КДАМ Тоҷикистон дар хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон посбонӣ мекунад.
КДАМ илова кардааст, ки Тоҷикистон маҳз тибқи ҳамин созиши протоколӣ, муқаррароти посбонии сарҳад дар қаламрави мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, дар қитъаи ағбаи Карамик постгоҳи сарҳадии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст.
Гуфта шудааст, ки ҷойгиршавии мазкур принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд.
Ёдарс мешаавем, ки муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрел ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғли Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ гунаҳкор ва тафтиши қазияро оғоз кардаанд