“Як км вориди Қирғизистон шуданд”: шарҳи КДАМ Тоҷикистон дар бораи иддаои расонаҳои қирғиз

Тоҷикистон изҳороти қирғизҳоро дар бораи "ташаннуҷ" дар марз беасос мехонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтаст, ки изҳороти дар ВАО нашршудаи ҷониби Қирғизистон ба воқеият мувофиқат намекунад.
Ба иттилои котиботи мақомоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон, дар натиҷаи кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз дарозии умумие, ки 986,7 км-ро ташкил медиҳад, 519, 9 км сарҳади давлатии ду кишвар тасвир шудааст.
Яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда, ин минтақа ағбаи Шатти мебошад, афзудааст манбаъ.
Грозин гуфт, чӣ гуна муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро метавон хомӯш кард- видео
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ дар самти муайян кардани хатти убури сарҳади давлатӣ корро идома медиҳанд ва пешниҳодҳои худро манзур менамоянд.
Тибқи созиш дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ, нуқтаҳои марзии алоҳида тасвир карда шуданд.
Дар робита ба ин, айни замон отряди посбонони сарҳадии ҚC-и КДАМ Тоҷикистон дар хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон посбонӣ мекунад.
Яъне, тибқи ин созиши протоколӣ, муқаррароти посбонии сарҳад дар қаламрави мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, дар қитъаи ағбаи Карамиқ постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст.
Ҷойгиршавии мазкур принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд.

"Дар робита ба ин, барои ҳарчи зудтар ба итмом расонидани раванди делимитатсия дар ин қисмат, пешниҳод карда шуд, ки ба гурӯҳҳои кории топографии тарафҳо супориш дода шавад, корҳоро дар тавсифи хатти гузаргоҳи сарҳади давлатӣ дар ин қисмат идома диҳанд",- афзудааст Хадамоти марзбонӣ

Қаблан расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ омодабошии воҳидҳои хадамоти сарҳадии Қирғизистон ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Чоркӯҳ”: Лаклаки Сурх “рӯзи сиёҳ” куҷо рафт?
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ахиран тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст.
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Овчиқалъача”: Аскар Акаев чӣ иштибоҳ кард?
Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонид ва фурӯши чиптаҳоро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пурра манъ кард.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 987 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.