ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе қазияи аз ошёнаи 3 - юм худро ба замин ҳаво додани 4 хонандаро шарҳ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳар ҷаҳор хонандаи синфи 9 - уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 дар ноҳияи Фирдавсӣ мебошанд.
Хонандагон дар ҳоле худро ба замин сарозер карданд, ки кормандони милиса маркази компютерии "Душанбе" - ро мавриди санҷиш қарор доданд.
"Бо ворид шудани кормандони милиса ба бинои мазкур чор нафар, ки хонандаи мактаб буданд, худро аз ошёнаи 3 ба замин ҳаво доданд", - таъкид мешавад дар хабари раёсат.
Зимнан, гуфта мешавад, вазъи саломатии хонадагон хуб буда, онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Аммо вобаста ба ин ҳолат нисбати волидону сарпарастони онҳо: Раҷабов Саиди 42 - сола, Мавлонова Гулнораи 37 - сола, Нинаев Мирзои 25 - сола, Раҳмонова Таҳминаи 38 - сола бинобар беназоратӣ ва вайрон намудани талаботи қонун ҷаримабандӣ шуданд.
Зимнан, нисбати соҳибмулки 24 - солаи ин марказ маводи лозима тартиб дода шудааст.
Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандон ва ба хусус аз падару модарон даъват намудааст, ки тарбияи фарзандони худ ҳушманд бошанд ва аз ҳар гуна кирдори ношоям пешакӣ ҷилавгирӣ карда шавад.