ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб маъракаи эмгузаронии кӯдакони то синни 5 - сола идома дорад, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ба иттилои манбаъ, феълан тамоми мутахассисони марказҳои марбута ба маъракаи эмгузаронӣ сафарбар гардидаанд.
Мудири филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрафилактика дар минтақаи Кӯлоб, Бунафша Мирзоева ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки ҳоло барои пиёда намудани ин чорабинӣ дар қаламрави шаҳр 504 маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ фаъол ҳастанд.
Мирзоева мегӯяд, бояд 188 ҳазору 84 кӯдак алайҳи ин маризӣ ваксин шаванд. Ҳоло ба 147 434 кӯдак тариқи даҳон ваксин гузаронда шудааст.
Гуфта мешавад, мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур мустаҳкам намудани масунияти кӯдакони синнашон то 5- сола бар зидди бемории фалаҷ ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки барои гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ давоми моҳи майи соли равон ЮНИСЕФ ва СҶБ, 4,6 миллион вояҳои ваксинаро ба кишвар дастрас намуданд.