Эронро дар Маҷмааи умумии СММ аз ҳаққи раъй маҳрум карданд

Ҳаққи раъйи Эронро ба хотири қарздор буданаш дар Маҷмааи умумии Созмони милали муттаҳид бекор карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Ҳаққи раъйи Эронро дар Маҷмааи умумии Созмони милали муттаҳид бекор карданд, иттилоъ додааст РИА Новости.
Гуфта мешавад, далели ин тасмим қарздории Эрон аз СММ будааст.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир панҷ кишвари дигари узви ин созмон қарздор будаанд.
Ҳоло барои барқарор кардани ин ҳаққи худ Эрон бояд 16,2 млн доллар ба хазинаи СММ пардохт намояд.
СММ хостори лағви таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон шуд
Ба гуфтаи Гутерриш, аз СММ ҳамчунин Ҷазираҳои Қамар (қарз $871 ҳазор), Сан-Томе и Принсипи ($829 ҳазор), Сомали ($1,4 млн) ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ - $29,3 миллион қарздор будаанд.
“Агар ин кишварҳо то моҳи сентябр қарзро пардохт накунанд, аз ҳаққи раъй маҳрум мешаванд”, - гуфтааст дабири кулли СММ.
Вай илова кардааст, ки аз ҳаққи раъй маҳрум кардани кишварҳо яке аз муқаррароти дохилии СММ аст.