Бо фиреби ӯ муҳоҷиронро аз Красноярск гардонданд: боздошт барои даъватномаҳои қалбакӣ

Дар сурати таъйид шудани ҷурм боздоштшударо беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндон интизор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти Минбоева Саодат Иззатовна хабар медиҳад, ки ба фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо машғул шуда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ҷинояти қаллобӣ содир кардааст.

"Чунончӣ, номбурда шаҳрванд “Н” –ро бовар мекунонад, ки бо дастрас намудани даъватнома барои табобат ворид шудани ӯ ва ҳамроҳонашро ба ҳудуди Федератсияи Россия таъмин менамояд ва бар ивази ҳар як даъватнома маблағи 4000 сомонӣ хост", - афзудааст манбаъ.

Ба гузориши Оҷонсӣ, Минбоева Саодат аз шаҳрвандони болозикр ҷамъ маблағи умумии 16000 сомониро гирифта, даъватномаҳоро барои истифодабарӣ дод.
Дар натиҷа дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Красноярски Федератсияи Русия зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо муайян гардидааст, ки даъватномаҳо барои табобат сохтакорона омода карда шуда, дар ин асос номбурдагон ба Тоҷикистон бозпас гардонида шудаанд, афзудааст манбаъ,
Боздошти Раҷабов: барои қатъи парванда дар Оҷонсии зидди фасод 20 ҳазор доллар хост
Ин ниҳод вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Минбоева бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “б,в” ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в” - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Ин моддаҳои қонуни ҷиноии кишвар қаллобӣ ва сохтакорӣ унвон дошта, дар сурати таъйиди гуноҳ боздоштшударо беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 2 то 5 соли зиндон мунтазир аст.