Дар Душанбе марафони дучархаронӣ баргузор мегардад

Рӯзи 5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист марафони дучархаронӣ таҳти шиори “Велосипед барои табиат” баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, марафони мазкур соати ҳашти субҳ аз МД “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз гардида, то роҳи ҳалқавии Товус ҳаракат намуда, баргашта ба "Наврӯзгоҳ" ба марра мерасад.
Манбаъ таъкид доштааст, ки хоҳишмандон барои ширкат дар веломарафон пешакӣ, соати ҳафт худро сабти ном кунанд.
Гуфта шудааст, ки марафони дучархаронӣ аз ҷониби Мақомоти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҷумҳурӣ гузаронида шуда, яке аз ҳадафҳояш тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи муҳити зист аз олудагиҳои нақлиёт арзёбӣ гардида, муҳимияти истифодаи ин намуди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозаро инъикос менамояд.
Душанбе мизбони се мусобиқа мешавад
Дар марафони дучархаронӣ якчанд номинатсия пешбинӣ шудааст, ки он имконият медиҳад, ҳама хоҳишмандон дар ин маърака иштирок намоянд, аз ҷумла велосипедронҳои касбӣ, ҳавасмандон, паролимпиадачиён ва наврасон.
Зикр шудааст, ки ғолибони мусобиқаро мукофотҳои хотиравӣ ва пулӣ интизор мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 5 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.