Ваколати Алекси де Кромбрюгхе дар Тоҷикистон ба итмом расид

Ваколати сафири Белгия Алекси де Кромбрюгхе дар Тоҷикистон ба итмом расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Белгия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) Алекси де Кромбрюгхе дидору мулоқот кард.
Бино ба гузориши Вазортаи умури хориҷӣ, ин дидор бинобар ба итмом расидани ваколати сафир драр Тоҷикистон доим шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Белгия ибрози андеша намуда, ҳавасмандии амиқро ба таҳкими баъдии муносибатҳо баён карданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул кард
Ҳусейнзода ба Алекси де Кромбрюгхер барои саҳмаш дар густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Белгия изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кардааст.
Ёдрас мешавем, ки Кромбрюгхе аз соли 2017 инҷониб ба ҳайси сафари Белгия дар Тоҷикистон фаъолият кард.
Ӯ 21 ноябри соли 2017 зимни маросими вижа дар Қасри миллат ба президенти Тоҷикистон эътимоднома супуруда буд.
Эътимоднома-ҳуҷҷати расмиест, ки намояндагии давлатӣ таъйин шудани касеро тасдиқ мекунад.