ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Вазъи муҳоҷирон дар сохтмон ба сатҳи фалокатовар расида истодааст, гуфт ба РИА Новости муовини сарвазир Марат Хуснуллин.
"Ҳоло вазъ нисбати муҳоҷирон ва захираҳои меҳнатӣ, ба фикри ман, ба сатҳи фалокатовар расида истодааст", - гуфт ӯ дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.
Ба гуфтаи вай, нархи манбаъҳои корӣ дар Русия 50-100% афзоиш ёфтааст.
Вай афзуд, ки мақомоти Русия сабук кардани қоидаҳои мавҷудаи убури марз аз ҷониби хориҷиёне, ки ба Федератсияи Русия барои кор дар бахши сохтмон меоянд, омода кардаистодаанд.
"Мо сабукии бештар омода карда истодаем ва онҳоро ба сарвазир пешниҳод хоҳем кард", - гуфт Хуснуллин.
Қаблан муовини шаҳрдори Маскав дар масоили сиёсати иқтисодӣ ва муносиботи моликият ва замин Владимир Ефимов маҳдудияти вуруди муҳоҷирон ба Федератсияи Русияро аз ҳад зиёд номид.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик механизмҳои гирифтани иҷозатномаҳо содда карда мешаванд.