Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

“Асрори баҳсҳои марзӣ. Чоркӯҳ”: Лаклаки Сурх “рӯзи сиёҳ” куҷо рафт?

Агарчи дар баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз ҳама номи Ворух шунида мешавад, тайи даргириҳои 32 соли ахир бештарин хисороти моливу ҷониро Чоркӯҳ дидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Чоркӯҳ он ҷои марз қарор дорад, ки манофеъи Тоҷикистону Қирғизистон зуд-зуд дар таззод меуфтанд. Мардуми маҳал аз ҳисобу китоби ин ки ҳар сол дар ин ҷо чӣ қадар ҳаводис иттифоқ меуфтанд, хаста шудаанд.
Аввалин даргирӣ миёни тоҷикҳову қирғизҳо дар марз соли 1989 иттифоқ афтод, ки дар пайи он Обид Муллоҷонов, сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба шаҳодат расид. Аз он сол то соли 2020 боз 12 сокини ин ҷамоат ҷонҳои худро дар муноқишаву иттифоқоти марзӣ аз даст доданд.
Ин ки Чоркӯҳ таги дандони таҳаввулот қарор гирифт, ба вижагиҳои ҷуғрофӣ ва демографии он рабт дорад.

Ҷуғрофиёи мураккаб

Пуле, ки қаламрави шаҳри Исфараро бо ҷамоатҳои Шаҳрак, Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух васл мекунад, Чорбоғ ном дорад. Ба қавли шоҳидон, дар даргириҳои 29 апрел низомиёни қирғиз маҳз ин пулро ҳадаф қарор додаанд, то аз ҳаракати низомиёни тоҷик ба ҷамоатҳо ҷилавгирӣ кунанд, аммо муваффақ нашудаанд.
Маҳз аз ин пул ҷуғрофиёи мураккаби баҳсҳои марзӣ шурӯъ мешавад. Он ҷо деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳрак оғоз меёбад, ки ҳудуди 8 ҳазор сокин дорад ва рӯ ба рӯи аввалин деҳаи қирғизӣ ба номи Қарабоғ бо ҳудуди 70 хонавода дар самти чапи дарёи Исфара ҷой гирифтааст. Қаробоғ як километр тӯл дорад ва қаламрави баҳсӣ ба ҳисоб меравад.
Пули хурд, аммо муҳими Чорбоғ дар марз Небольшой, но важный мост Чорбога на границе
Шаҳракро як пули дигар бо ҷамоати Сурх мепайвандад. Ин ҷамоат 16 ҳазор нуфус дошта, аз шарқ дар арзи ҳудуди 8 километр бо заминҳои деҳаи Мингбулоқи ноҳияи Бодканд ва аз ғарб ба ҳамин тӯл бо қаламрави деҳаи Пастариқи ноҳияи Лайлак марзи муштарак дорад. Деҳоти қирғизӣ паси куҳҳо ҷойгиранд ва бо ҷамоати Сурх тариқи заминҳояшон, ки ҳама баҳсӣ ба шумор меоянд, ҳаммарз мебошанд.
Даргириҳои марзӣ дар Шаҳраки Сурх ба ин далел иттифоқ афтодаанд, ки вақте ин ҷамоатҳо аз сӯи марзбонони қирғиз мавриди тирборон қарор гирифтанд, низомиёни тоҷик ба онҳо аксуламал нишон доданд. Дар пайи ин сокинони Қаробоғ пурра манзилҳои худро раҳо карда, бо иттифоқи марзбонони қирғиз ба даруни кишвари худ фирор кардаанд.
Пас аз Сурх ҷамоати Чоркӯҳ пеш меояд, ки 44 ҳазор аҳолӣ ва 42-километрӣ аз шарқу ғарб бо ноҳияи Бодканди вилояти ҳамноми Қирғизистон ҳаммарз аст. Ин печидатарин қаламрави баҳсиест, ки дар тасвираш қалам ҳам раҳгум мезанад.
Аввалин деҳаеро, ки пас аз деҳаи Чоркӯҳ пеш меояд, тоҷикон Говсувор ва қирғизҳо Коктерек меноманд. Дар он 56 хоҷагии тоҷику ҳудуди 18 хонаводаи қирғиз дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд. Тақсим, ҳатто тасаввури тақсим ин ҷо имконнопазир аст.

“Шоҳмот” - и Хоҷаи Аъло

Ин мураккабӣ дар деҳаи Хоҷаи Аъло, ки 3,5 ҳазор нуфус дорад, барҷастатар мешавад. Заминҳои ин деҳа аз шимол бо Оқсой ва аз шарқ бо дарёи Исфараву дар идомаи он куҳҳое, ки ба қавли сокинон, охири солҳои 50 – ум ба қирғизҳо иҷора дода шуда буданд ва ҳоло таҳти идораи онҳоянд, бар ба бар доман густурдаанд.
Деҳқони савораи деҳаи Хоҷаи Аъло Дехканин во время работы на коне в селе Ходжа Ало
Хоҷаи Аъло аз ғарб бо деҳоти қирғизии Оқтатир ва Учтеппаи ҷамоати Самарқандаки ноҳияи Бодканд пайваст шудааст. Як далели ба оташ кашида шудани манозили мардуми деҳот аз ду тараф маҳз зиндагии девор ба девори онҳост. Барои ҳар яке, ки фурсат пеш омад, хонаи дигареро оташ зад. 29 апрел дар Хоҷаи Аъло 7 хона пурра ба коми оташ рафтааст.
“Ин ҷо тоҷику қирғиз омехта шудаанд. Манозили онҳо ба таври “шоҳмот” ҷойгиранд. Бубинед, аз чап хонаи тоҷик, аз рост хонаи қирғиз аст. Ё аз рост тоҷик, аз чап қирғиз зиндагӣ мекунад. Акнун бифармоед, ки ин ҳамаро чӣ тур мешавад тақсим кард?”, - мепурсад Рустам Камолов, як сокини 50 – солаи Хоҷаи Аъло.
Он чӣ Хоҷаи Аълоро дар баҳсҳои марзӣ вижа мекунад, сарбанди “Головное” – и қаламрави деҳа аст. Маҳз дар маҳалли ин сарбанд рӯзи 28 апрел миёни сокинони ин деҳа ва қирғизҳои деҳаи Кӯктош сангандозӣ шуд ва рӯзи 29 апрел вақте раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо иттифоқи марзбонони тоҷику сокинони Хоҷаи Аъло ва дигар деҳаҳои ҷамоати Чоркӯҳ таҷаммуъ карданд, мавриди ҳамлаи низомиёни қирғиз қарор гирифтанд.
"Карер"- маҳалли истихроҷи шағалу қум.
Ба қавли шоҳидон, дар даргирии “Головное” 6 сокини Чоркӯҳ, як сокини Сурх ва 5 сарбозу афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба шаҳодат расиданд. Раиси шаҳри Исфара бо иттифоқи 16 чоркӯҳии дигар захмӣ шуданд.
Пас аз ин даргирӣ дар чорроҳаи Хоҷаи Аъло низ задухӯрд ба вуқуъ пайваст, ки дар пайи он як афсари марзбонии Тоҷикистон ба шаҳодат расида, як сарбози дигар ҷароҳати шадид гирифт. Ҳамзамон дар пайи ҳамлаи қирғизҳо ба ҷамоатҳои Шаҳраку Сурх як пизишки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба шаҳодат расид.
Вижагии Хоҷаи Аъло ва дигар деҳоти Чоркӯҳ боз дар ин аст, ки қирғизҳо баъд аз ҷанг маҳз дар атрофи онҳо ба кандани хандақу сохтани доту дзотҳои бетонӣ шурӯъ карданд, аммо мардуми ин деҳот ба бозсозии харобаҳои ҷанг ва кишту кор машғуланд.
Сангари бетонӣ дар марзи Қирғизистон - омодагӣ ба ҷанг ё таҳкими марз?

Болову поёни Сомониён

Ин деҳа солҳои 80 – уми асри гузашта дар замони Шӯравӣ ба вуҷуд омада, “Майский” ном дошт. Ҳоло тоҷикон онро Сомониён, қирғизҳо Кӯктош меноманд. Як деҳа ба ду ном ва мутааллиқ ба ду кишвар. Бино ба гуфтаи сокинони Сомониён, дар ин деҳа ҳудуди 150 хонаводаи тоҷик ва 70 бунаи қирғиз сукунат доранд.
Манозили мардум ин ҷо низ “шоҳмотӣ” ҷойгир буда, тоҷик шиносномаи Тоҷикистон ва қирғиз шиносномаи Қирғизистонро дорад. Тоҷикон Сомониёнро ба Болову Поён тақсим мекунанд. Дар Сомониёни Боло тоҷику қирғиз девор ба девор зиндагӣ мекунанд ва Сомониёни Поён пурра тоҷикнишин аст. Ҳардуро роҳи 275 – метраи Бодканд – Лайлак, ки ҳудуди тоҷикиаш барои 49 сол аз сӯи Тоҷикистон ба Қирғизистон иҷора дода шудааст, ҷудо мекунад.
“Мактаби тоҷикӣ дар Сомониёни Боло воқест. Вақте бачаҳои Сомониёни Поён ба дарс мераванд, аз назди манозили қирғизҳо убур мекунанд. Дар ин замина гаҳ-гоҳ муноқиша ба амал меояд ва ангехтани иғво ҳам ин ҷо осон аст. Ба болои ин, пойгоҳ (застава) – и марзбонии қирғиз дуруст дар дохили деҳа ва пойгоҳи марзбонони тоҷик дар поёни деҳа ҷойгиранд. Тақсими марз ин ҷо аслан имкон надорад”, - гуфт Бобоҷон Усмонов, сокини ин деҳа.
29 апрел дар ҳудуди Сомониён ду сокини Чоркӯҳ ба шаҳодат расида, 10 манзили тоҷикон бар асари сӯхтор пурра тахриб шудаанд. Аз миёни онҳо 3 хонаро бо норинҷакандоз (гранатомёт) ҳадаф гирифта, 5 хонаи дигарро дуздон ғорат кардаанд.
Бозор Тоҷиев, соҳиби яке аз хонаҳоест, ки дар Сомониён аз норинҷакандоз тахриб шудааст. Вай гуфт, дар ин ҳавлӣ чор хонаводаи ӯву фарзандонаш зиндагӣ мекунанд.
“8 хона, ҳаммому оғилхона, каҳдон ва ғайра ҳама ба коми оташ рафтанд. Як сафедори ҳавлӣ аз нисф шикастааст. Зардолуҳо бо баргҳои сабзашон сӯхтанд. Як дарахти ноку як зардолуи ҳамсояро ҳам аз ним ҷудо карданд. Дар умум, зиёни хонаводаи маро мақомот 2 миллиону 900 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 26 ҳазору 400 доллар) баровард намуданд”, - гуфт ӯ.
Қаробоғи Қирғизистон - аввалин деҳа дар қаламравҳои баҳсӣ
Ба қавли сокинони Сомониён, ду рӯзи қабл аз даргириҳои 29 апрел қирғизҳо шабона бо “спринтерҳо” сарбозони худро ба ин деҳа оварда, мардуми маҳалро ба Бодканд интиқол медоданд.
“Мо ин ҳамаро дида, ба таҳлука афтодем, аммо хонаҳои худро тарк накардем. Агар тарк мекардем, тамоми манзилҳоямонро дар медоданд”, - гуфт Бозор Тоҷиев.
Ҷойгоҳи Сомониён аз он хотир дар баҳсҳои марзӣ муҳим аст, ки ҳар касе заминҳои болои онро соҳиб мешавад, амалан қаламрави сарбанди “Головное” - ро аз худ мекунад. Як далели ин ки низомиёни қирғиз бо вуҷуди талафоти зиёд маҳалли “Головное” – ро тарк накарданд, маҳз ҳамин аст.

Воҳае дар марз

Зиёратгоҳи Садри Шаҳиди Бухорӣ, Умар ибни Абдулазиз ибни Моза (1090-1142), яке аз фақиҳони бузурги мазҳаби ҳанафӣ, ки дар Самарқанд ба шаҳодат расида, дар Бухоро дафн шудааст, дар як ҷои хушбоду ҳавои маҳаллаи Лангари ҷамоати Чоркӯҳ воқест.
Зиёратгоҳи Садри Шаҳид - воҳае дар марзи ноором
Қадамҷои ин шахсияти бузурги динӣ на фақат як воҳа (оазис) – и тамомайёр аст, балки қадомати таърих, ҳатто табиати Чоркӯҳро ривоят мекунад. Мардум дарахтони ин мавзеъро намебуранд ва моҳиҳои ҳавзашро, ки аз як чашмаи мусаффои қадимӣ об мехӯрад, шикор намекунанд. Дар пайи ин синну соли дарахтон бузург буда, моҳиҳо низ то дами пирӣ даврон мекунанд.
"Ин ҷо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, дар гузашта аз Ӯзбекистон низ ба зиёрат меомаданд. Мардум дар ин ҷо мол қурбонӣ мекунад. Онҳое, ки зардпарвин ҳастанд, агар ба моҳиҳои ин ҳавз нигоҳ карда истанд, шифо меёбанд. Дар деҳа 16 бригада ҳаст, ҳар яке як шипанг рост кардааст ва деҳқонон ин ҷо омада, дам мегиранд”, - гуфт Камолхон Раҷабов, муовини раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ.
Зиёратгоҳи Садри Шаҳид, яке аз 14 масҷиду зиёратгоҳи таърихии ҷамоати Чоркӯҳ аст. Қадимтарини ин осори таърихӣ дар асри 11 бунёд шудааст.
Ба қавли сокинони Лангар, қирғизҳо гаҳ-гоҳ талош мекарданд, ки аз заминҳои сарсабзи ин деҳа низ лахтеро бикананд, аммо ҳеҷ гоҳ ба ин зиёратгоҳ, ки дуруст дар қарибии марз аст, дастдарозӣ накарданд.

“Рӯзи сиёҳ”

29 апрел барои Чоркӯҳ сахттарин ва хунбортарин рӯз дар таърихи баҳсҳои марзӣ буд. Бузургтарин даргирӣ миёни нерӯҳои низомии Тоҷикистону Қирғизистон низ аз деҳаи Хоҷаи Аълои ин ҷамоат шуруъ шуд ва то ҷамоатҳои Сурху Шаҳраку Ворухи ин шаҳр ва Овчиқалъачаву Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доман густурд.
Дар ин даргириҳо, тибқи иттилои расмӣ, 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта, 87 нафари дигар захмӣ шудаанд, ки 8 мулкиву як сарбози кушташуда ва ҳудуди 16 захмӣ чоркӯҳӣ буданд. 6 сарбозу афсари марзбонии Тоҷикистон низ дар Чоркӯҳ, як фелдшери марзбонӣ дар Шаҳрак ва як ҷавони дигар дар Овчиқалъача ба шаҳодат расидаанд.
Зарари ду деҳаи Тоҷикистон аз муноқишаи марзӣ беш аз 11 миллион сомонӣ ҳисоб шуд
Бино ба омори расмӣ, дар Чоркӯҳ аз 34 манзили осебдида, 21 манзил пурра хароб шудаанд. Барои қиёс, тибқи иттилои расмӣ, дар ҷамоатҳои Ворух – 15, Сурх – 6 ва Шаҳрак – 5 манзил қисман зарар дидаанд.

Лаклаки сулҳи Сурх

Дар васати деҳаи Сурх болои симчӯбе як ҷуфти лаклак лона ниҳода, ду чӯҷаи худро бузург мекунанд. Сокинони маҳал мегӯянд, рӯзи 29 апрел вақте дар марз тирандозиҳо ба вуқӯъ пайвастанд, мисли як инсон, ки ба ҳангоми ҷанг зану фарзанди худро ба ҷои амн кӯч медиҳад, ин лаклакҳо низ чӯҷаҳояшонро гирифта фирор кардаанд. Куҷо рафтанд, чӣ тур рафтанд, касе надид.
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Овчиқалъача”: Аскар Акаев чӣ иштибоҳ кард?
Аммо онҳо боз баргаштанд, вақте ҳама ҷо сокиту орому амн шуд. Лаклак ҳам мисли инсон ватан ва сулҳро дӯст медорад.
Рӯйхати сокинони ҷамоати Чоркӯҳ, ки аз соли 1989 то 2021 дар муноқишаҳо ва ҳодисаҳои марзӣ кушта шудаанд
1989 - Обид Муллоҷонов (1972), деҳаи Хоҷаи Аъло;
2000 – Ҳабибулло Абдуллоев (1955), маҳаллаи Гузари Поён;
2005 - Шораҳмат Раҳимов (1987), маҳаллаи Қаҳқир;
20 августи соли 2013 – Бобо Халоқов (1952), Моҳира Халоқова (1954), Гулчеҳра Мамадҷонова (1974), Иноятулло Халоқов (2000) – маҳаллаи Холисон;
2015 - Боборизо Ризоев (1998) - маҳаллаи Бӯстон; Умедҷон Қодиров (2007) – маҳаллаи Навобод;
2016 – Ҳадиятулло Ҷабборов (1969), - маҳаллаи Холисон;
13 марти 2019 - Ҳусейн Ҳакимов (1976) – деҳаи Хоҷаи Аъло;
2020 – Воҳид Ваҳҳобов (1955) – маҳаллаи Таги Сада;
29 апрели 2021 – Ҳикматулло Маҳкамов (1994), Иброҳим Ҳошимзода (1995) – маҳаллаи Навобод, Манучеҳр Қаландаров (1981), Собир Ваҳҳобов (1970) – маҳаллаи Лангар, Ҳакимбой Ниёзов (1982) – маҳаллаи Ибод Файзуллоев, Ҳасанхон Шаропов (1989) – маҳаллаи Масҷиди Миёна, Далер Эшонов (1987) – маҳаллаи Тоҷикистон, Нсратулло Набиев (2001) – маҳаллаи Сомониён.