ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Тоҳирҷон Искандарзода, масъули матбуотии Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тақсими ройгони РМА ба сокинони синнашон ба 16 расидаи шаҳру навоҳии наздимарзии Исфара ва Бобоҷон Ғафуров тибқи дастури роҳбарияти Кумитаи андоз сурат гирифта, дар дигар шаҳру навоҳӣ низ ин кор ҷараён дорад.
Бино ба гуфти манбаъ, чанде пеш кормандони шуъбаи нозироти андоз дар шаҳри Исфара, ба ҷамоати Ворух сафарбар шуда, ба хонандаҳои 16 - солаи макотиби 53 ва 62, инчунин, хонандаҳои Литсейи рақами 3 - и ҷамоати Ворух РМА дастрас намудаанд.
“РМА аз сӯи кормандони бахши бақайдгирии идораҳои андоз ба ҳар хонандаи мактаб, ки 16 сола шудаанд, ройгон дастрас карда мешавад. Ҳеҷ зарурати дигар барои волидон намемонад, ки ҳудуди 45 километро роҳро аз Ворух то Исфара тай намуда киро намуда, ба маркази шаҳр ба Идораи андоз биёянд”, - гуфт Искандарзода.
Дар умум аз оғози сол то ин вақт ба беш аз 2 ҳазору 558 нафар сокинони Исфара чунин санад тақдим карда шудааст.
Масъули матбуотии Раёсати нозироти андоз дар Суғд гуфт, аз сӯи бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ чанде пеш ба 70 хонандаи муассисаҳои таълимии 17, 39, 45 ва 71- и ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳия РМА (ИНН) дастрас карда шуд.
“Давоми семоҳаи аввали соли 2021 ба 2 ҳазору 778 нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Рақами мушаххаси андозсупоранда ройгон дода шудааст”, - гуфт манбаъ.
РМА ё (ИНН) – ҳуҷҷати ҳуқуқӣ аст, ки тибқи қонунгузории андоз, шахсе ки синнаш ба 16 расидааст, гирифтани онро тақозо менамояд.
Ин ҳуҷҷат барои шаҳрвандон дар вақти гирифтани шиноснома (паспорт) ва дигар ҳуҷҷатҳо ба кор бурда мешавад.
Аз ҷумла бидуни РМА амалиётҳои нотариалӣ гузаронида намешавад. Масъулини Идораи андоз дар деҳотҷойҳо роҳандозӣ намудани маъракаи тақсими ройгони РМА – ба сокинони деҳоти наздимарзӣ ва дигар деҳоти дурдасти Суғдро яке аз роҳҳои осон намудани мушкилоти мардум меҳисобанд.