ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ба падару модари панҷгоникҳо калиди хонаи панҷҳуҷрагӣ тақдим шуд.
Ин ҳодисаи хуш дар Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон - 1 июн сурат гирифт.
Манзили истиқоматӣ бо дастгирии Мақомоти вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён, инчунин сокинони хайрхоҳ дар муддати се моҳ бо маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли шуъбаи иттилоотии вилояти Хатлон.
Гуфта мешавад, модари панҷгоникҳо Дилноза Мамадова ва дигар аъзои хонавода аз кумаку дастгириҳои Ҳукумат ва шахсони хайрхоҳ изҳори минатдорӣ намуданд.
Манбаъ афзуда, ки дар дохили хона барои кӯдакон ва волидайнашон тамоми шароити зарурӣ, аз қабили яхдон, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва рахти хоб фароҳам оварда шудааст.
"Ҳоло саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро,Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, таҳти назорати табибон қарор доранд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки дар ҳама гуна вазъият омода аст ба кӯдакон кумак расонад", - омадааст дар хабарнома.
Ногуфта намонад, ки калиди хонаро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири меҳнат Ширин Амонзода ва раиси Кумитаи кор бо занон Ҳилолбӣ Қурбонзода дар ноҳияи Қубодиён дар вазъияти тантанавӣ ба падару модари панҷгоникҳо тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, 30 декабри соли 2020 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадоваи 31-сола панҷгоник таваллуд кард, ки ин рӯйдоди хушҳолкунанда на танҳо дар таърихи давлатдории Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ низ назир надорад.
Дар Тоҷикистон дар солҳои гузашта ҳолатҳои таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва чоргоникҳо ба қайд гирифта шуда буданд, аммо таваллуди панҷгоник бори нахуст мебошад.