ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Владимир Путин, Вазорати маорифи Русияро муваззаф намудааст, ки омӯзиши забони русиро дар Тоҷикистон ҷонноктар намоянд. Ӯ аз ҷумла аз роҳбарияти ин ниҳод талаб кард, ки дар ин самт пешниҳодҳои нав таҳия намояд.
Зимнан, раисиҷумҳури Русия дастур дод, ки пешниҳодҳои нав бояд то рӯзи 15 июл таҳия шаванд.
"Вазорати маорифи Федератсияи Русия пешниҳодҳо оид ба чораҳои иловагии дастгирии омӯзиши забони русиро дар хориҷа, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Мӯҳлат то 15 июли соли 2021 дода мешавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷате, ки Кремл онро нашр намудааст.
Зикр мегардад, ки масъулияти асосӣ ба дӯши Сергей Кравтсов вогузор шудааст.
Қаблан, вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов бо Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода сӯҳбат телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо таълими забони русиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ кардаву дар бораи сафари Кравтсов ба Тоҷикистон дар моҳи июн ба мувофиқа расида буданд.
Гуфта мешавад, муколама дар доираи татбиқи дастурҳои Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сурат гирифтааст, ки вазирро даъват намудааст, ки ба рушду дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои хориҷи наздикро нокифоя хонд.
Ҳоло Русия азм дорад дар Тоҷикистон 5 макотиби русизабонро бунёд кунад. Ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода мохта мешаванд.