Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Парвози вижа аз Налчик ба Душанбе: кай?

Парвоз дар масири Налчик - Душанбе 3 июн сурат мегирад ва онро ширкати "Уралские авиалинии" анҷом медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Аз пойтахти Қабардину Болқар парвозҳо ба Тоҷикистон оғоз мешавад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба директори генералии фурудгоҳи Налчик Виталий Беланов.
Ба гуфти ӯ, парвози аввал дар масири Налчик-Душанбе бояд рӯзи панҷшанбе - 3 июн анҷом шавад.
Парвозро ширкати "Уралские авиалинии" иҷро мекунад. Бояд гуфт, ки ин парвози махсус яъне - яквақта хоҳад буд.
Аммо, дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки парвоз дар ин масир ба таври доимӣ анҷом дода шавад.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
9 августи 2022, 13:33
Ёдовар мешавем, ки 1 апрел Русия парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро барқарор кард, ки моҳи марти соли 2020 бо сабаби сар задани пандемияи коронавирус қатъ шуд.
Русия шумораи парвозҳоро бо даҳ кишвар зиёд мекунад: Тоҷикистон дар рӯйхат
Парвозҳои муназзамро байни Душанбе ва Маскав ду ширкати ҳавопаймоӣ - "Сомон Эйр" (рӯзҳои сешанбе) ва Utair (рӯзҳои ҷумъа) анҷом медиҳанд.
Рӯзи 1 июн маълум шуд, ки пас аз 10 рӯз боз як хатсайри мунтазам дар масири Маскав-Душанбе илова мешавад.
Бурятия мехоҳад равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистонро барқарор кунад
Инчунин, дар байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамарӯза тақрибан 10 парвози чартерӣ сурат мегирад.