ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Бодканди Қирғизистон, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои таъмини амният дар сарҳадро баррасӣ карда, ба зарурати рафъи пайомадҳои муноқиша ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ таъкид намудаанд.
Манбаъ илова кардааст, ки мулоқоти ду раиси вилоятҳо санаи 31-уми май баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд дар бораи ҳузури Аҳмадзода дар Исфара ва оғози мумфаршкунии баъзе аз қитъаҳои роҳ гузориш дод, аммо дар бораи вохӯрӣ чизе иттилоъ надодааст.
Ба иттилои манбаъ дар байни деҳаҳои Мақсати Қирғизистон ва Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон навбатдории милисаҳо ташкил шудааст. Ҷониби Қирғизистон таъкид доштааст, ки тарафҳо дар ин бора ҳанӯз соли 2019 ба созиш расида буданд, вале иҷро нагардида буд.
Ёдрас мешавем, ки санаи 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва беш аз 180 маҷрӯҳ хабар дод.
Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирии мусаллаҳона айбдор мекунанд. Додситониҳои ду кишвар ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 400 километри он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ҷанҷолҳо асосан дар минтақаҳои баҳснок бар сари замин ва обу чарогоҳ сар мезананд.