ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Сарвазири Покистон, Имрон Хон сулҳ дар Афғонистонро барои рушди муносиботи Покистон ва Тоҷикистон муҳим хонда, таъкид намудаст, ки агар дар ин кишвар созише нашавад, ба зарари ҳарду давлат мебошад.
"Покистон ва Тоҷикистон мушкилоти яксон доранд, вақте сухан дар бораи сулҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ меравад", - гуфт сарвазири Покистон.
Имрон Хон ҳушдор дод, ки агар дар Афғонистон созише ҳосил нашавад, бо рафтани амрикоиҳо даҳшатафканӣ бештар мегардад.
"Мо гумон мекунем, ки агар дар Афғонистон пас аз рафтани амрикоиҳо ягон созиши сиёсӣ ба даст наояд, ин барои ҳар ду кишварамон зараровар хоҳад буд", - изҳор дошт сарвазири Покистон дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ таъкид намуд, ки ин на танҳо ба тиҷорат таъсир мерасонад, балки терроризмро дар минтақа афзоиш медиҳад.
Сарвазир инчунин аз мушкилоти экологии ҳарду кишвар зикр намуд. Ба мисли Покистон, Тоҷикистон дар масоили об аз пиряхҳояш вобаста аст, ки дар пайи гармшавии глобалӣ ва партобҳои карбон ба хатари нестшавӣ дучор гардидаанд.
Имрон Хон дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар Исломобод аз имзои як қатор тафоҳумномаҳои тиҷорӣ, маориф, фарҳанг ва мудофиа истиқбол кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон феълан бо сафари расмии дурӯза дар Покистон қарор дорад. Дар доираи сафар мулоқот бо мақомдорони баландпоя ва баррасии густариши ҳамкориҳо дар назар аст.