Сел, чангу ғубор ва 45 дараҷа гармӣ: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии шадид

То 5 июн дар навоҳии Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 36-41 дараҷа пешбинӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ноҳияҳои ҷануби кишвар баланд шудани ҳарорати ҳаво то 42+45 дараҷа дар назар аст.

Рӯзҳои 3 - 4 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари ба амал омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта вуҷуд доранд.

Бар замми ин то 3 июн дар шаҳри Душанбе дар давраи гармӣ болоравии сатҳи ифлосшавии ҳаво дар назар аст.
Гармӣ то 42 дараҷа ва хунукӣ то -2: пешгӯии ҳавошиносони тоҷик
Дар ин давра ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатии инсон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.
Тавсияи мазкур асосан ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила, шахсони дорои бемориҳои диққи нафас ва қалб алоқамандӣ дорад.