Болоравии евро дар як шабонарӯз: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули аврупоӣ пас аз қоҳишёбӣ, дигарбора мавқеи пешинро гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 евро дар кишвар имрӯз 13.8398 сомонӣ муқаррар шудааст.
Асъори аврупоӣ, ки ҳафтаи гузашта ба нишондоди рекордӣ (1 евро бар ивази 13.8636 сомонӣ) расид, дар давоми як шабонарӯз дигарбора боло рафт.
Агар дирӯз 1 евро 13.8195 сомонӣ фурӯхта мешуд, имрӯз ба 13.8398 сомонӣ баробар шуд.
Асъори русӣ тайи чанд ҳафтаи ахир устувориро нишон дода, 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1535 сомонӣ нишон дода шудааст.
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон
Фармони Президент дар бораи зиёд кардани нафақа то 50 фоиз
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.8398 то 13.9500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1535 то 0.1555 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.