Зиндагии фоҷиабори Зафар Нозимов - ҳунарманде, ки "ҳофизи шахсиятҳо набуд"

Зафар Нозимов аз зумраи санъаткорони барҷастаи тоҷик буд, ки бо сурудҳои баландмазмун ва сабки хосу овози марғуладор дар дили мардуми тоҷик ҷойгоҳи худро дорад
Sputnik
Зафар Нозимов 2 июни соли 1940 ба дунё омадааст. Тақдир сарояндаро аз меҳри падар маҳрум кард. Соли 1943 падараш Қосимов Нозим дар ҶБВ ба ҳалокат расид.
Валомат - модари Зафар Нозимов як зани одии деҳотӣ буд ва бо 8 фарзандаш солҳои вазнини давраи ҷангро бо мушкилӣ паси сар мекард. Хорию камбағалӣ риштаи ҳаёти 6 - фарзанди модари сарояндаро канда кард.
Ва аз ин хонавода танҳо ду фарзанд - Зафар Нозимов ва хоҳараш Рафоат Нозимова боқӣ монданд. Sputnik Тоҷикистон далелҳои аҷиби зиндагии ҳунарманди мардумӣ - Зафар Нозимовро гирд овард.

Роғи замин: Заминларзаи пурдаҳшати Ҳоит ва тақдири Зафар Нозим

Ҳанӯз доғи андӯҳи марги падар аз дили Зафар Нозимов набаромада буд, ки боз дар зиндагиаш фоҷиа рух дод ва замин дар зери пояш "роғ" шуд.
Субҳи барвақти 10-уми июли соли 1949, дар замони 20-умин солгарди таъсисёбии Тоҷикистони шӯравӣ, бузургтарин офати табиӣ дар таърихи Иттиҳоди шуравӣ дар минтақаи Ҳоити Тоҷикистон сар зад.
Он замон Зафар 10 сол дошт. Ӯ ин ҳодисаро ба адиби тоҷик Ҷонибек Акобиров чунин қисса кардааст:
"Мо худро аз болои мошин партофтем ва ман дидам, ки замин роғ рафт. Ман гумон кардам, ки қаъри заминро мебинам ва боз замин ҷамъ шуду ба ҳам часпид. Аз ҳайбати заминҷунбӣ аспҳое, ки дар дарахтҳо баста шуда буданд, то боди заминларза онҳоро набарад, бо дандонҳояшон дарахтонро газида худро сахт медоштанд".
Тибқи маълумоти гуногун, бар асари ин заминларзаи шадид аз 15 то 40 ҳазор одам зинда ба зинда зери хок монда ҳалок шуданд. Гуфта мешавад, қувваи заминҷунбӣ ба 11 балл расида буд.
Аксари мардуми зиндамонда ба ноҳияҳои дигар ба назди хешу ақрабо рафтанд ва Зафар Нозимов низ ночор зодгоҳашро тарк мекунад.
"Ғайр аз ман, модар ва хоҳарам аз авлодамон ягон кас зинда намонд", - нақл мекунад Зафар Нозим.
"Вақте, ки Зафар Нозимов суруди ошиқонаи "Духтари Ҳоит"-ро месароид дигарон мегиристанд. Аз падарам пурсидам, чаро мардум гирён шуд, ӯ гуфт чанд вақт пас аз заминларза сокинони Комсомолобод (Нурободи ҳозира - шарҳ аз идора) гаҳвораю кӯдакону арӯсонро аз дарё ёфтаву гӯр мекарданд ва ҳамин пеши чашми онҳо омад", - нақл кард Гулрухсор Сафиева аз қавли падараш дар барномаи "Шакл".
Аз ҳамин лаҳза оворагии писарбачаи 10 -сола оғоз мешавад. Дар шаҳри Душанбе Зафар Нозимов ҳамроҳи хоҳараш 5 моҳ дар хонаи кӯдакон мемонад. Он замон модари Зафар Нозим муовини Исполкоми ноҳия буд ва пас аз бартарафсозии оқибатҳои заминларза ба дунболи фарзандонаш мешавад ва онҳоро дар хонаи кӯдакон меёбад.
Дӯсти вафодор ва инсони хоксор: Ҳаётой Муъминова дар бораи Қурбоналӣ Абдуллоев
Ахиран Валомат вакил интихоб шуд ва аз ин маҷлис ба он маҷлису аз як шаҳр ба шаҳри дигар сафар мекард. Модар ба дунболи дарёфти "қути лоямут" барои тарбияи фарзандон вақт намеёфт ва шояд аз ҳамин бошад, ки Зафар дар кӯдакию ҷавонӣ шӯху гапногир буд.
"Маро аз 4-5 мактаб пеш кардагиянд. Дар вақти дарс ашӯла мехондем, дод мезадем", - нақл мекунад Зафар Нозимов. Ӯ донишгоҳҳоро низ "ба калла" нагирифтааст ва аз 4 мактаби олӣ хориҷ шудааст.
Вале, ба гуфти ҳамсабақаш Гулрухсор Сафиева, Нозимов ба омӯзиши забони ниёкон ва асарҳои барҷаста шавқ дошту кӯшиш мекард, хатро аз худ кунад.

Ҳунар, санъат ва консертҳои пуршӯру ғавғои Зафар Нозимов

Соли 1957 олимпиадаи сарояндагон Зафар Нозимовро рӯи саҳнаи касбӣ овард.Зафар Нозимов зуд мавқеъи худро дар саҳнаи тоҷик пайдо кард.
Шаш сол дар зиндагии Зафар Нозимов хотирмон буд. Аз соли 1957 то соли 1964 - то соли ҳунарманди шоиста шудан, Зафар консертҳо, сафарҳо, дидорҳо дошт ва шӯҳтараш бисёр фарогир буд. Консертҳои Зафар Нозимов бо толори пур аз мухлисон доир мешуд ва ҳангомадор буд.
"Рӯзе консерташ дар бинои театри кушод баргузор шуду, Зафар ба он ҳунарнамоиаш каме дер омад. Ӯ мошини "ГАЗ - 21" дошт ва вақте ба назди театр расид аз сабаби пур будани одамон имкон надошт ба берун барояд. Ҳамон замон мухлисон Зафарро бо мошинаш бардошта мебаранд", - нақл кард Мастона Эргашева сарояндаи маъруфи Тоҷикистон.
Қариб ҳар сокини Тоҷикистон сурудҳои "Эй сорбон", "Модар", "Рафтам ба ҷустуҷӯят", "Қади мавзун", "Нозукбадан" ва дигарҳоро азёд медонад.

15 сол дар рӯйхати сиёҳ: "ҳофизи шахсиятҳо набудам"

Зафар Нозимов зиндагии фоҷиабори худро бо сабки хосу овози марғуладораш тавассути фалак ба мардум қисса мекард. Пас аз 10 соли шӯҳрат соли 1974 Зафар Нозимов бо унвони ҳунарманди мардумӣ қадрдонӣ шуд, вале баъдтар ӯро дигар дар рӯйхати сиёҳ ҷо карданд ва ба маъракаҳои давлатӣ даъват намекарданд, чун намехост санъатро қурбони иродаи сиёсатмадорон кунад.
"Ман ҳаракат кардам, санъатро ҳеҷ гоҳ қурбони иродаи сиёсатмадорон насозаму, пеши касе хор накунам. Ман ҳофизи шахсиятҳо набудам", - шарҳ дод Зафар Нозимов дар барномаи "Шакл".
Вале пас аз пошхӯрии иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, Зафар Нозимов боз рӯи саҳна баргашт ва ҳунарнамоияшро идома дод.
Вале фоҷиа ҳамоно сарояндаро дунболагириӣ мекард. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Зафар Нозимов ҳамаи дороӣ манзил ва аз ин муҳимтар - писари худро аз даст медиҳад.
Ӯ дар тӯли зиндагиаш дар аҳди панҷ кишвардор ба сар бурдаву эҷод кардааст, вале мегӯяд барои дастгирӣ дар роҳи санъат танҳо ба ду сиёсатмадор сипосгузор аст.
"Он ҳурмату эҳтиром барои дастгирии ман ба мисли санъаткор, танҳо дар давраи Турсун Улҷабоев ва дар аҳди Эмомалӣ Раҳмон буд",- гуфт Нозимов.

Се издивоҷ ва 9 фарзанд

Нахустин издивоҷи Зафар Нозимов замони шӯҳраташ солҳои 1960 -ум иттифоқ меуфтад, вале дер давом намекунад. Бо сабаби хунукназарии завҷа, ки модари бемори Зафар Нозимовро нигоҳубин накард, сароянда аз ӯ ҷудо шуд. Аз издивоҷи аввал Зафар Нозимов соҳиби як писар буд.
Издивоҷи дуюми сароянда соли 1963 сурат гирифт ва аз он издивоҷ низ Нозимов соҳиби як писар - Соҳибқирон Нозимов шуд, ки ба ҳадде роҳи падарро дар зиндагӣ интихоб кардааст. Ин издивоҷ низ бо нокомӣ ба анҷом расид.
Бори саввум Зафар Нозимов соли 1974 - замони ҳунарманди мардумӣ шуданаш хонадор шуда, аз ин издивоҷ соҳиби 7 писар ва як духтар шуд.
Сын Зафара Нозимова
Консерти охирини Зафар Нозимов соли 2009 як сол пеш аз вафоташ баргузор шуд.
Мухлисонаш мегӯянд, ҳунарманд гӯё эҳсос мекард, ки марг наздик шуда истодааст, вале бо вазъи саломатии наонқадар хуб Зафар Нозимов ҳамоно дар саҳна мисоли номаш "ғолиби зиндагӣ" буд.
Зафар Нозимов 3 августи соли 2010 аз олам чашм пӯшид. Мазори ин ҳунарманди зиндаёд, дар Лучоб ҷойгир аст.
Соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳои барҷаста дар рушди санъати тоҷик ва ба ифтихори 50-умин солгарди фаъолияти эҷодӣ ба Зафар Нозимов ордени Президенти Тоҷикистон дараҷаи сеюмро тақдим кард.